+   *    +     +     
About Us 
The Issues 
Our Research Products 
Order Publications 
Multimedia 
Press Room 
Resources for Monitor Researchers 
ARCHIVES HOME PAGE 
    >
 
Table of Contents
Country Reports
Tajikistan - Tajiki, Landmine Monitor Report 2005

Tajikistan

Мавридњои асосии инкишофи вазъияти моњи маи соли 2004: Саидамир Зуњуров Муовини Сарвазири Тољикистон, Конференсияи аввали маълумотиро роњбарї намуд. Дар декабри соли 2004 Тољикистон ба нафъи резолютсияи њарсолаи № 59/84 - и Созмони Милалли Муттањид, бо дастгирии Конвенсияи манъи минањои зидди пиёдагард дастгирї намуд. Тољикистон дар моњи июни соли 2004 амалиёти љамъоварии минањоро дар ќисми марказии кишвар намоиш дод. Дар моњи августи соли 2004 дар ноњияи Суѓд дар шимоли кишвар тањќиќоти асосї оѓоз шуда буд. Аз соли 2004 - то соли 2005 ќариб 56, 900 м2 минањо чамъоварї карда шудаанд, ва 225 адад минањо ва муњиммоти нотаркида безарар карда шудаанд. Дар моњи маи 2005 мутолеъаи асосї дар ноњияи Турсунзода ба итмом расид, ин бањодињии аввалин дар ѓарби кишвар, наздики сарњади Ўзбекистон буд. Дар соли 2004 Тољикистон ќариб 2,45 млн. доллари Иттињоди Муттањидаи Амрикоро барои кумаки молї дар робита бо масъалаи маблаѓи ќобили мулоњизаро дарёфт намуд . Дар соли 2005 ЮНИСЕФ ба иљрои проекти равшан андохтани проблемаи минахоро шурўъ кард. Дар конференсияи аввали маълумотї, аз шумули 24 кишваре, ки конвенсияро имзо кардаанд, Тољикистон хамчун мамлакати эњтиёљманд, ки кумаки лозимї барои зарардидагон лозим дониста шуд, эълон шуд. Дар моњи июни соли 2005 мувофиќи мувофиќатномаи хеш, ки дар Найробия ќабул шуд, Тољикистон баъзе аз нуќтањои кишварро дар давраи 2005-2009 ба кумаки зарардидагон равон кард, пешкаш намуд.

Сиёсат дар робита бо манъи минањои пиёдагард.

Тољикистон мувофиќатномаи 12 октябри соли 1999 дар бораи манъи истифодаи минањоро ќабул намуд, ки он аз 1 апрели соли 2000 барои кишвар мадори эътибор дорад. Њукумат чунин њисоб мекунад, киќабул кардани ќонунњои муњим доир ба иљрои Конвенсия муњим нест. Тољикистон ба кодекси љиноятии худ љињати љазодињии вайронкунии Конвенсияро тахминд дорад. Кодексе, ки дар сентябри соли 1998 кабул шуда буд, љазодињї барои ѓорат, истењсолот, бадастовардњо, фуруш, њавола, интиќол, нигањдорї, бо худ доштани маводи тарканда ё ќисмњое аз онњоро муайян намуд. Љазодињї барои вайронкунии ин ќонун аз 3 то 20 сол аз озодї мањрум карданро пешбинї шудааст.[1]

Тољикистон њисоботи сеюми худро мутобиќи моддаи №7-и Конвенсия оиди манъи истифода, истењсолот, ва њавола додани минањои пиёдагард ва мањви онњоро 14 марти соли 2005, ба шумули соли 2004-ро пешнињод намуд.[2] Њамчунин, њисобот ба таври довталабона формаи J-ро бо њисоботи оид ба кумаки зарардидагон ва кумаки молї зидди њаракати пиёдагард ба включили.

Саидамир Зуњуров Муовини Сарвазири Тољикистон, дар Конференсияи аввали маълумотии Найробия, ки дар моњњои ноябр - декабри соли 2004 баргузор шуд, намояндагони Тољикистонро роњбарї намуд. Ў яке аз шахсони расмї бо сатњи баланди салоњият буд. Муовини Сарвазири Тољикистон, инчунин таъид намуд, ки Њукумати Тољикистон плани 5 солаи стратегии барномаро, кибарои солњои 2004 - 2008 дар мулоќоти 6 - уми љаласса сурат гирифта буд, тасдиќ намуд. [3]

3 декабри соли 2004 Тољикистон барои резолютсияи њарсола №59/84 - и Ассамблеяи Генералии Миллали Муттањид бо тарафдории Конвенсия, љињати манъи минањои пиёдагард овоз дод. Дар соли 2002 ва 2003 Тољикистон ягона кишваре буд, Ки Конвенсияро имзо намуд, ва аз овоздињии њарсолаи Ассамблеяи Генералии Миллали Муттањид худдорї намуд.[4]

Тољикистон дар мулоќоти байни сессияњои кумитаи Доимии кишварњои иштироккунандаи Конвенсияи Женева дар моњи июни соли 2005 ширкат намуд, Ки дар он љо презентатсияи деталиро ба Комитети доимї љињати љамъоварї, огоњ намудан аз хатар, ва технологияњои фаъолиятњои задди мина, ва ба комитети Доимии кумак барои зарардидагон ва реинтегратсияи иљтимої -иќтисодї пешнињод намуд. Тољикистон дар музокирањои њаматарафаи кишварњои иштирокчии Конвенсияи оид ба масъалоњои интерпретасионї ва резалютсияњои 1, 2 ва 3 - и моддањои Конвенсия иштирок накард. Яъне, кишвар њануз муносибати худро бо амалиёти низомии њозиразамон бо кишварњое, Ки Конвенсияро, дар мавриди пайдо кардани амборњои дорои минањои зидди пиёдагарди кишварњои дигар, дар робита бо минањои зидди пиёдагард бо ќисмњои људонашаванда ва љињати теъдоди минањое, ки ба маќсади омузиш нигоњ доштаанд, имзо накардаанд. Ашхоси расмии Тољикистон изњор намудаанд, Ки ќуввањои мусаллањи кишвар хоњишоту дархостњои низомиёни Руссияро љињати минагузории хоки минтаќа радъ хоњанд кард, зеро низоми тољикон дар зери ќумандонии људогона ва сохтори назорат њаст.

Дар моњи октябри соли 1999 Тољикистон ба Конвенсияи доир ба яроќи оддї ва протоколи Дуюми он љињати минањои зидди пиёдагард, дохил шуд. Дар моњи ноябри соли 2004 Љумњурї дар 6 – умин Конференсияи њарсолаи кишварњои иштирокчї иштирок намуд, вале њисоботи солонаи миллиро, мувофиќи талаботи моддаи 13, пешнињод накард.

Истењсолот, тањвил додан, истифодабарї, нигањдорї ва аз байн бурдани минањои зидди пиёдагард.

Ашхоси расмии Тољикистон эълом намудаанд, Ки дар Љумњурї минањои зидди пиёдагард њаргиз истењсол ва экспорт нашудаанд.[5] Ќонун “оиди яроку аслиња“ аз соли 1996, њамаи масъалањое, Ки ба регистратсия, боргирї, њаллу наќл, харид, тањвил додан ва њифзи яроќ ва муњиммоти низомие, Ки ба хоки Тољикистон дахл доранд, ба таври даќиќ танзим менамояд.[6] Фактњои охирин љињати дар хоки Тољикистон ба амал гузарондани минањои зидди пиёдагард дар солњои 2000 ва 2001, дар њамон лањзае, Ки низомиёни рус ва узбек ќисми сарњади дохилии Тољикистонро минагузорї кардаанд, зикр шуда буд.[7]

Тољикистон захирањои давраи Иттифоќи Советиро дар њудуди 3,339 минањои зидди пиёдагардро ба мерос бурда буд. Љумњурї, њисоботи пурра доир ба теъдод, санади истењсолї, љойгиршавии минањо дар якумин њисоботи наќлиётии худ пешнињод намуд.[8] Љумњурї, аз 5 маи соли 2002 то 31 марти соли 2004 3,084 адад минањои зидди пиёдагардро аз байн бурд, ва њамин тариќ шароити ќарордодро пеш аз мўњлат иљро кардааст.[9]

Мувофиќи њисоботи пешнињодкардаи Тољикистон, бо сабаби надоштани минањои инертї барои омўзиш, 255 адад минањои зидди пиёдагард барои таълимоти њарбї људо карда буд. Љумњурї, то соли 2010 минањоро то њалли мўњлати нигањдории онњо нигањдорї хоњад кард. Теъдод ва навъи минањои барои нигањдорї гузошта шуд, зерин мебошанд: POMZ-2M 91000; PMN (50); OZM – 72 (50); MON – 100 (50); MON (200 (5)1[10]. Теъдоди минањои боќимонда, назар ба теъдоде, ки дар њисоботи якум дар моњи феврали соли 2003 таѓьир наёфтааст. Тољикистон то ба њол маълумот дар бораи маќсадњои њифзи нигањдории ин минањо, ва истифодаи њаќиќии онњо – чорањои транспарентие, ки кишварњои иштироккунандаи Конвенсия дар барномаи фаъолияте, ки дар Найроби дар Конференсия маъќул дониста шуд.

Яроќ ба шумули минањо дар давраи љанги дохилї дар солњои 1992-1997 ба таври васеъ истифода шуд. Ваќт ба ваќт, мувофиќи хисоботњои воситаи ахбори оммавї, ќуввањои мусаллањи Тољикистон, мусодира, ё яроќи оташфишони умумии пинњон кардаро, маводи тарканда ва дигар маводњои таркандаи муњиммоти низомиро пайдо мекунад. 29 июли соли 2004 марзбонони Руссия, ки дар Тољикистон љойгир шудаанд, махфигоњи бузургро дорои муњиммот дар ќад-ќади марзи Тољикистону-Афѓонистон, ки аз минањои пиёдагард ва дигар маводњои тарканда иборатанд, пайдо карданд.[11]

Захирањои минањои зидди пиёдагарди Руссия.

Тољикистон якумин кишвари-иштирокчии Конвенция мебошад, ки дар бораи нигањдории минањои зидди пиёдагарди мамлакат, ки Конвенсияро дар хоки худ имзо накардааст. Мувофиќи њисоботи кишвар, таќрибан 18200 адад минахои зидди пиёдагарди навъњои гуногун, за тарафи ќуввањои низомии Вазорати мудофиаи Руссия барои истифода дар Тољикистон, њифзу нигањдорї шудаанд.[12] Чунин захирањои тањти њуќуќї ё зери контроли Тољикистон нестанд.[13] Дар њар яке аз њисоботњои худ мувофиќи моддаи 7, Тољикистон дар бораи музокироти байналхалќї барои маълумот љамъоварии оиди минањои Руссия дар боло зикршуда, иттилоъ медињад.[14]

Проблемањои мина ва муњиммоти нотаркида.

Баъд аз љанги дохилии солњои 1992-1997 дар хоки Тољикистон шумораи номаълуми мина ва мухиммоти нотаркида ва минагузории хоки назди сарњадї аз тарафи артиши Руссия ва Ўзбекистон мондааст. Майдонњои мина, ки аз љанги дохилї боќї мондааст, дар ќисмати марказии кишвар ва ќисми ѓарбии Бадахшони Кўњї мутамаркиз шудаанд. Мављудаи баъзе аз майдонњои минашуда, аз тарафи артиши њукуматї дар ваќти љанги дохилї, њамчунин минањои аз тарафи артиши Руссия ќад-ќади марзи Афѓонистон љойгузин шудаанд. Аммо, бориши барф, тармањо, селњои сахт кори пайдо намудани минањоро мушкил сохтааст.[15] Минањое, ки аз тарафи Ўзбекистон дар солњои 1999-2001 њануз њам тањдиди ќисми шимолии ноњияи Суѓд насб шудаанд, мебошанд. Минањое, ки бо артиши сарњадии руссия ќад-ќади марзи Афѓонистон љойгузин шудаанд, хатароти онњоро ба шумораи камтари мардум мерасонад, зеро теъдоди сокинони мањал зиёд нест.

Њанўз равшан нест, ки оё дар ќад-ќади марзи Ќирѓизистон-Тољикистон минаљуданд, ё не?. Дар моњи июли соли 2003 намояндагони расмии Вазорати Мудофиаи Љумњурии Ќирѓизистон изњор намудаанд, минањое, ки аз тарафи артиши Ќирѓизистон ќаблан ќад-ќади марзњо гузошта шудаанд, љамъоварї шудаанд.[16] Вале то моњи апрели соли 2004 бо маълумоти воситањои ахбори оммавї, дар ќисмати хоки тољикистон, то њануз минањое, ки артиши Ќирѓизистон гузоштааст, љойгузин аст.[17] Дар худди њамон моњ назоратчиёни тољик дар бораи ёфтани минањои зидди пиёдагарде, ки дар наздикии сарњад дуданд, хабар доданд, гарчанде њаќиќат маълум нест кад њар яке аз тарафњо минањоро гузоштаанд.[18]

Интизор мерафт, ки дар моњи январи соли 2005 “Маркази тољикистонї оид ба масъалањои мина” њисоботро доир ба љойгузинии минањо, Ки аз моњи августи соли 2003 ба тањќиќоти асосї ва безараркунонии минањо асос ёфтааст, нашр хоњад кард.[19] Аммо, то моњи августи соли 2005 њисобот њануз нашр нашуда буд.

Њамоњангсозї ва плангузории фаъолияти зидди минањо.

“Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ), дар моњи июни соли 2003, ки бо кумаки Барномаи Рушти Миллали Муттањид ташкил шуда буд, маркази намояндаи њайати иљрокунандаи ќонуни байналмилаллии башардустї (CIIHL) мебошад. Ин марказ вазифадор аст, Ки фаъолиятњои њукумат дар мавриди проблемањои мина, инчунин танзими фаъолияти вазоратхонањои дигар, ва шуъбањои роњбарият дар мањалњо ва њамчунин корхонањои дигар ба шумули корхонањои давлатї ва ѓайридавлатї ба шумули корхонањои байналхалќї, иљро менамояд.[20]

“Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ), масъули созмондињї ва наќшабандии њаммаи фаъолиятњои зидди мина дар Тољикистон, ба шумули бањодињї, тањќиќоти техникї, нишонагузорї ва љамъоварии хоки минагузошта шуда, инчунин мутаваљљењ сохтан ба хатароти мина ва баъзе кумакњо барои зарардидагон мебошад.[21]

Барномаи Рушти Миллали Муттањид, кумаки машваратњои техникї, маблаѓгузорї барои омўзиши персонал ва харидории мошинолот барои “Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ) мерасонад.[22]

Саидамир Зуњуров, дар Конференсияи аввали намоишї изњор намуд, ки: “CIIHL, плани 5 - солаи стратегии фаъолияти зидди минањои пиёдагард барои солњои 2004 -2008 дар мулоќоти 6- уми, ки дар моњи апрели соли 2004 сурат гирифта буд, тасдиќ намуд”.[23] Њадафи барнома, Рух надодан ба њодисањои ногувор дар робита бо минањо ва минањои зидди пиёдагард, њамчунин дигар муњиммоте, ки ба фаъолиятњои иќтисодї, ва рушти Барномањо дар Тољикистон аст, мебошад. Маќсадњои асосї иборатанд аз:

  • Арзёбии умумии сарњадоти минагузошташуда дар марзи Ўзбекистон бо ноњияи Суѓд;
  • Дар тули марзи хоки минагузошта шуда, дар сарњади бо Афѓонистон, баъд аз он, ки салоњият ба тарафи ќуввањои сарњадии Руссия дода шавад;
  • Давоми тањќиќоти техникии ќисми марказии кишвар;
  • Нишонагузории хоки минагузошта шуда дар марз бо Ўзбекистон;
  • Љињати амалї сохтани барномаи таълимї, љињати масъалаи хатароти мина, њамзамон бо мутолеъоти техникї ва љамъоварии минањо;
  • То соли 2006 имконоти бештар дар мавриди тањќиќот ва љамъкунии минањо то 6 - гурўњи тањќиќотї, 4 - баталиони сопёрї ва 4 – гурўњ аз сагњои махсуси таълимї, васеъ карда шавад.[24]

Барномаи фаъолияти зидди минањо, ќисман ба наќшањои миллии Рушти Тољикистон, плани стратегии поён овардани сатњи фаќр, дохил шуд.[25] Саидамир Зуњуров инчунин таъид намуд, ки љињати пиёда намудани барномаи безараргардондани барчидани минањо, Тољикистон кумак ба маблаѓи 9 млн. доллар ниёз дорад. Дар навбати худ, Тољикистон метавонад гирифтани визаро дар муддати кўтоњ таъмин намояд, ва расмиёти гумрукиро содда карда, харитаи бинои таълимиро дар ихтиёр гузорад.[26]

“Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ), мутобиќи стандартњои Байналмилаллии љамъоварии минањо (IMAS, 10 адад баровард). Мутобиќи он намояндагињое, ки фаъолияти зидди минањоро, органњои мањаллии худидоракунї, ширкатњои хусусї, ширкатњои ѓайридавлатї (ШЃД) ва ањолии минтаќањои минагузошта шуда, бояд машвара гиранд, ва дар кори плангузории фаъолияти ѓайри минањо љалб шуда бошанд.[27]

“Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина”, бо системаи идоракунии маълумот љињати анљом додани фаъолиятњои зидди минањоро (IMSMA), ки шомили ахбороте, ки њангоми тањќиќоти асосї ва љамъоварии мина, љињати тартиби барномањои маќсаднок дар кори безараркунии мина, ба таъсироти башардўстона, иљтимоиву иќтисодии заминњои минадор, ба ањолии мањаллї асос ёфтаанд, љамъоварї ва истифода мегардад. [28]

Маълумотхои IMSMA – инчунин операторњое, ки дар фаъолиятхои зидди минањо иштирок мекунанд, истифода менамоянд.[29]

Тањќиќот ва бањодињї

Дар моњи августи соли 2004 гурўњи кашф дар Суѓд амалиёти GMAA – ро анљом дод. Тањќиќот дар нимаи соли 2005, ба номусоидии обу њаво, ва дер расондани кумаки молї нигоњ накарда, ба итмом расид.[30] Дар моњи маи соли 2005 тањќиќоти асосї дар ноњияи Турсунзода дар ѓарби Тољикистон, тахмин дар 65 км атрофи шањри Душанбе такмил шуд. “Маркази тољикистонии оди ба масъалањои мина”, инчунин анљом андохтани тањќиќоти асосии сарњади љанубии Љумњуриро ба наќша гирифтааст, албатта замоне, Ки ќуввањои низомии Руссия салоњияти худро дар ин минтаќањои сарњад месупорад.[31]

Поксозии заминњо аз минањо ва муњиммоти нотаркида.

Мувофиќи моддаи № 5 – и Конвенсияи оиди манъи минањои зидди пиёдагард, Тољикистон, на дертар аз 1 апрели соли 2010, бояд њар чи зуддат, њамаи минањои пиёдагардро дар минтаќањои минагузошта, ки тањти асар ва контрол мебошанд, аз байн барад.

Намояндагии Шветсарї доир ба фаъолияти зидди минањо (FSD), кори тањќиќотї ва љамъоварии минањоро дар моњи июни соли 2004 дар ноњияи Рашт ва Тавилдара, дар ќисми марказии кишвар, баъди омўзиши коркунони “Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ) аз тарафи сапёрњои FSD оѓоз намуд. То оѓози моњи сентябри соли 2005 љињати сурат бахшидани амалиёт дар ќисмати љамъоварї, 2 гурўњи нав ташкил шуд. Чањор гуруњ дар ќисми чамъоварии мина ва ду гуруњ дар ќисми тањќиќотї мављуд аст. Аз моњи июни соли 2004 то моњи маи соли 2005, 56, 900 метри мураббаъ замин љамъоварї аз минањо ва 252 адад минањои зидди пиёдагард ва муњиммотро аз байн бурданд.[32]

Дар соли 2004 ду гуруњи љамъоварии минањо ба минтаќањои наздикии Ѓарм, Водии Рашт, Ванљ ва Вилояти Худмухтори Бадахшони Кўњї интиќол шуданд. Маќсади асосии гуруњњо, љињати љамъоварии минањо дар Ѓарм, таъмини аломатњои майдонњои минањо, ки дар давраи зимистон садама диданд, ё аз љои худ бардошта шудаанд, мебошад. Аз њамон давра, корњои љамъоварии минањо оѓоз намуд. Дар моњи маи соли 2004 гуруње, Ки дар Ванљ воќеъ аст, кори љамъоварии минањоро сар кард.[33]

Љамъоварии минањо, њамчунин дар сарњади Тољикистон - Афѓонистон наздики Ќумсангир аз моњи августи соли 2004 гузаронида шуд. Дар минтаќањои наздикии ноњияи Ќумсангири њамсарњади Афѓонистон, мањалле, ки ба хатти лўлаи

об пайваста буд, аз вуљуди мина поксозї гардид. Бояд гуфт, ки ин хатти трубаи об бояд иваз гарда ва баъд аз анљоми ин кор 30,000 нафар ањолии ин минтаќа дар давоми 12 моњ аз об таъмин хоњад шуд. [34]

Дар соли 2004 ба хотири он ки, гуруњи сапёрњо машѓул буданд, сапёрњои ќуввањои низомии Тољикистон ба минтаќае, интиќол шудаанд, ки ба касабаи сохтмончиён, ки проекти сохтмончиёни шоњроњи Шогун ва Зиѓар тартиб менамоянд, 69 адад минаро безарар гардониданд. Баъди хатми корњои сохтмонии ин шоњроњ рафтуомад ба ВАБК дар тамоми фасли сол муяссар хохад шуд.[35]

Мувофиќи њисоботи FSD фаъолияти зидди минањо дар Тољикистон, бо сабаби бад будани боду њаво ва мањалњои кўњистонї, ки њар сол то моњи май давом дорад, сахт вобастагї дорад. FSD дар соли 2004 имкони кори фавриро фаќат дар давоми 8 моњ дошт.[36]

Дар мулоќоти ОБСЕ, дар Аврупо, Ки 11 июни соли 2004 дар Вена баргузор шуда буд, вазири мудофиаи Ўзбекистон Ќодир Ѓуломов изњор дошт, ки Ўзбекитсон, проблемаи безараргардонии минањоро дар марзњо бо Тољикистон ва Ќирѓизистонро, мавриди баррасї ќарор хоњод дид. Мувофиќи суханронии намояндагони расмии Тољикистон, аз моњи маи соли 2005, њељ як нишонае, ки Ўзбекистон дар кори безараркунандаи минањоро дар марзњо оѓоз намудааст, набуд.[37]

Мувофиќи мувофиќатномаи Барномаи Рушти Миллали Муттањид, аз моњи Марти 2004 то соли 2005 Фаронса ду нафар инструктори низомиро љињати кумак расондан ба FSD, барои омўзиш ва муроќибат болои ду гуруњи тањќиќотї ва сапёрї, ва ду гурўњи зудамал пешкаш намуд.[38] Ду гуруњи зудамал барои тањќиќоти асосї ва ќисми марказии кишвар дар ноњияи Хатлон, њамчунин барои гузарондани кор љињати аз байнбарии муњиммоти нотаркида, интиќол шудаанд.

Аз соли 2004 то моњи маи 2005 дар ваќти љамъоварии минањо, њодисањои ногувор ба ќайд гирифта нашуда буданд.[39]

Роњнамої ва фањмондадињии хатари мина барои сокинони назди сарњадї.

Барномаи љињати баланд бардоштани фањмондадињии ањолї, барои чораљўии зидди хатари минањоро (MRE), “Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ) њамоњангсозї мекунад. Дар Тољикистон стандартњои байналхалќии доимї њануз истифода бурда намешаванд.[40]

Гурўњњои иљрокунандаи ин барнома MRE, ба хонандагони мактаб, чўпонњо, ва ањолии дигарде, ки дар ќишлоќљойњо зиндагї мекунанд, равона шудааст.[41] Вазорати маориф MRE-ро ба барномаи мактабї дохил карда истодааст.[42] Барномањои MRE дар 13 минтаќаи Љумњурї мутамаркиз, ва дар њоли фаъолият мебошад: : 6-тои он дар вилояти Суѓд , 6- тои он дар Рашт, ва яке аз он дар ноњияи Турсунзода љойгузин шудаанд.[43]

Барномаи зикршуда, махсусан дар минтаќаи Суѓд, дар тули марзи Тољикистону Ўзбекистон диќќат ва такомули махсусро талаб мекунад, зеро сокинони ин минтаќа бештар ба хатар мубтало мегарданд.[44] Бештаре аз воќеъоти ногувор бо њайвонот дар чарогоњњо, ё дар ваќти љамъ кардани њезум рўй медињанд.[45]

Муассисањое, ки барномањои MRE –ро анљом медињанд, ба шумули љамъияти Салиби Сурхи Тољикистон (ЉССТ), ки барномаи MRE- ро давом мебарад, ки дар соли 2001 бо њамкории ташаббуси ICRC ва хамчунин UNICEF, ки бо ташаббуси он њимояи барномаи MRE дар маи соли 2005 ба воситаи проекти пилотї, ки дар ноњияи Рашт баргузор гардид, дастёрї кард.[46]

Комитети минтаќавии (ЉССТ), Ки ба кори MRE дар 13 ноњияњо ва аз тарафи координаторњо ва дастёроне (ассистентњо), ки дар шањри Душанбе љойгузин њастанд, љалб шудаанд.

Дар мактабњое, ки дар минтаќањои минагузорї шуда воќеъ њастанд, як ё ду муаллиме, Ки дар (ЉССТ) њамчун довталабон таълим гирифта буданд дарс медињанд; њамчунин дар соли 2005 роњбарї љињати таълим бо њамкории Вазорати Маориф, шуда буд. Вохўрињо љињати фањмондадињї ва таълим барои ањолї, пањн кардани постерњо ва гузаронидани бозињо мешаванд. Аломатњои хатар доир ба хатароти минањо дар мактабњо, ќањвахонањо, идорањову муассисањои давлатї ва масљидњо гузошта шуда буданд.[47]

Бо ташаббуси UNICEF, дар соли 2005 барномаи равшаннамої љињати масъалањои хатароти мина дар Тољикистон, дар торихи 15-23 августи соли 2005 семинари оиди равшаннамої, љињати масъалањои хатароти минањо дар ноњияи Рашт гузашта буд. Иштирокчиёни ин семинар муаллимњо, инспекторњои мактабї, намояндагони муассисањои љавонон аз ноњияњои хатарнок: ноњияи Рашт, Тавилдара, Дарвоз, ва њамљунин намояндагони Салиби Сурх, (МТММ), Вазорати Маориф, ICRC ва FSD мебошанд.[48]

Дар тулии соли 2004, мувофиќи њисоботи (МТММ), барномаи равшаннамої љињати масъалањои хатароти мина, кумаки молиро аз раёсати ИМА (40.000 $) ва БРММ (50.000 $) барои барќарор кардани 2.000 нишонањо љињати огањии мављуд будани минањо дар ќад-ќади сарњади Ўзбекистону Тољикистон дарёфт намудаанд.[49] Дуюми декабри соли 2004, намояндагони БРММ ва ИМА дар Тољикистон, њабсхонае воќеъ дар Хуљандро, љињати мушоњидаи истењсолотї, 2.032 адад аломатњое, ки аз вуљуди мина огоњ мекунад, дидан намуданд. Пешакї тахмин карда мешуд, ки ба сабаби шароити обу њаво, љо ба љо гузории аломатњо, бояд дар охири марти соли 2005 ба итмом расанд.[50] То моњи апрели 2005 як ќисми ин вазифа иљро карда шуд, вале ба сабаби барфњои куњї як ќисми ками ин аломатњо насб нагардиданд. Аломатњо ќад-ќади тули сарњад љойгир нашудаанд, фаќат дар мањалњои хатари бештар дошта, бо кўшишу њамкории сарњадчиён ва ањолии мањал љойгиранд. Љопон кумаки молиро дар њудуди 30.000$, барои истењсолот ва љойгузории 800 аломатњои огоњкунанда дар ноњияњои љанубї ба ихтиёр гузошт.[51]

Дар моњи апрели соли 2005 “Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ), љињати дарёфт намудани кумаки молї барои ба навор гирифтани филм дар бораи минањои зидди пиёдагард, ва дар мавриди проблемањое, ки сокинони мањал дучор мешаванд, маќсади худро эълон намуд.[52]

Кумаки молї ва дастгирї.

Мувофиќи њисоботи Тољикистон дар соли 2004, Љумњурї 2.3 мли $ ИМА-ро аз тарафи 7 кишвар, БРММ ва ОБСЕ дарёфт намуд.[53] landmine monitor маълум намуд, ки Тољикистон кумаки молиро ба маблаѓи 2.498.478 доллари ИМА барои барномаи минањои зидди пиёдагард, ки 7 кишвари донор ва Комиссияи Аврупої сањм гирифтаанд, дар соли 2004 дарёфт намуд.

  • Конодо: 462 462,687 доллари ИМА барои БРММ љињати таълими сопёрњо;[54]
  • EK: евро 700,000 ($ 27,986) барои тањќиќот, љамъоварии мина, таълим ва дастгирии техникї;[55]
  • Фаронса; евро 22,500 ($ 27?986) , барои таълимоти сопёрњо;[56]
  • Италия: евро 60.000 ($ 746?280) барои БРММ, љињати гузарондани фаъолиятњои зиддиминавї;[57]
  • Љопон: Y 30,700,000 ($283,865) to FSD барои амалиёти љамъоварии мина;[58]
  • Великобритания: $ 100,000 барои БРММ;[59]
  • ИМА: $7,000.[60]

Мувофиќи плани панљсола дар соли 2005 барои Тољикистон, маблаѓгузорї ба маблаѓи 3.7 млн. доллари ИМА барои фаъолиятњои зидди минањо зарурї аст.[61]

Зарардидагон аз минањо ва муњиммоти нотаркида.

Дар соли 2004 Маркази Тољикистонии оид ба масъалањои мина (МТММ) дар бораи 14 њодисањои таркишї, ки дар натиљаи он 7 нафар љони худро аз даст додаанд, ва 7 нафари дигар захмї шудаанд, хабар дод, ки; 13 њодисањои таркишї дар ноњияи Суѓд ба ќайд гирифта шудааст.[62] Дар соли 2003, 12 њодисањои таркишї, ки дар натиљаи он 6 нафар кушта шуда, ва 6 нафар захмї шудаанд, ба ќайд гирифта шудааст.[63]

Дар моњи марти соли 2004 десанти Ўзбекистон, ки тасодуфан ба майдони минагузоштаи Тољикистон фаромад, захмї шуда буд.[64]

Мувофиќи њисоботи соли 2005, то моњи апрели соли 2005, 4 нафар кушта ва 10 нафар захмї шудаанд. Аз теъдоди зарардидагон дар солњои 2004 ва 2005, фаќат ду нафар низомї буданд, 5 кудак кушта, ва 6 кудак захмї шудаанд. Дар гузашта, садама аз таркиши минањо, дар сарњади Тољикистону Афѓонистон ба ќайд гирифта нашудааст. Вале, дар моњи апрели соли 2005, мувофиќи њисобот, дар яке аз ноњияњои Бадахшон бо сарњади Афѓонистон, чўпони тољик дар ваќти таркиши мина, дасти худро аз даст дод.[65]

“Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ), маълумот дар бораи зарардидагон аз таркиши минањо дар Тољикистон, бо хамкории Кумитаи Байналмилаллии Салиби Сурх (ICRC) ва Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ), маълумотро аз манбаи расмї ва бо роњи пурсиши ањолї дар майдонњои минагузошташуда, љамъ мекунад. “Маркази Тољикистонии оди ба масъалањои мина” (МТММ) аз соли 2003 маълумотро дар бораи зарардидагон аз минањо шурўъ ба љамъ кардан сар кард.

Теъдоди даќиќи зарардидагон аз минањо дар Тољикистон номаълум аст. То 28 апрели соли 2005 хазинаи маълумот сабти 470 њодисањоро аз соли 1992 дар љойнишинњои наздисарњадии Тољикистону Ўзбекитсон дорад, дар натиљаи он 239 нафар ба њалок расидаанд ва 231 захмї шудаанд.

Кумак барои зарардидагон аз минањо

Дар Конференсияи аввали маълумотї, дар Найроби, Тољикистон аз љумлаи 24 кишвари иштирокчии Конвенсия мебошад, ки дорои теъдоди зиёди зарардидагон аз минањо аст, ва кишваре мебошад, ки аз дигар кишварњои дунё ба кумаки бештар дар соњаи таъмини хадамот ва кумаки тиббї ба зарардидагони мина эњтиёљ дарад.[66]

Тољикистон ба таври довталабона формаи J-ро њамрои њисоботи солона, мутобиќи моддаи 7 ва њисобот дар бораи кумак ба зарардидагон ва масоили дигар, пешкаш кардааст.[67]

Дар июни соли 2005 Тољикистон њамчун ќисмате аз мувофиќатномаи Барномаи фаъолияти Найроби, баъзе аз њадафњои худро барои давраи 2005 то 2009 љињати кумак барои зарардидагон аз минањо, ки шомили хазинаи маълумот дар бораи таркиш ва инкишофи барномаи миллї дар ќисмати пайгирї намудани зарардидагон, поён овардани маргу мир ва садамањо ба воситаи бењбуд сохтани кумаки фаврї, хадамоти сифатноки кумаки тиббї ба ањолї баъд аз амали љарроњї, бењбуд сохтани сифати хадамоти артопедї, бо роњи тренинг ва ба кор гирифтани мутахассисини ин соња, ташкил намудани маслињати руњоншиносон, кумак ба зарардидагони мина љињати онњо ба кори пешина, ё пайдо кардани кори муносиб барои онњо, ќабул кардан ва тезонидани иљрои ќонунњо, ва сиёсати иљтимої, љињати додани замонат ва њифзи њуќуќи зарардидагон аз мина ва маљруњини дагар, мебошанд.[68]

Дар барномаи 5-солаи стратегї дар солњои 2004-2008 наќши (МТММ), дар кори кумак ба зарардидагон аз мина, ки расондани ахборотро ба Вазорати мењнат ва њифзи иљтимої, таъмин менамояд. Ин имкон медињад, ки зарардидагон кумаки лозимро дарёфт намоянд, ва аз љонибе њам, ташкили Шурои мушоњидакоронро љињати ВМЊИ дар роњи бењбудии таъмини кумаки тиббї ва равонї, барои зарардидагон фароњам оварад. Вазифаи ин барнома, инчунин иборат аз он аст, ки њамагон ба таври мусовї ба тањсилу кор дастрас дошта бошанд.[69]

Зарардидагон аз мина дорои њуќуќи мусовї дар ќисмати кумаки ройгони тиббї ба монанди ањолии дигари Тољикистон доранд. Нуќтањои тиббї дар ноњияњои минагузорї шуда мављуданд, аммо тавре, ки хабар дода шудааст, баъзе аз онњо вайрон шудаанд, ва аз фаъолият боз мондаанд. Зарардидагон ба шифохонаи наздиктарин агар мављуд бошанд, бо мошини ёрии тааљулї фиристода мешаванд. Одатан, ваќти байни садама ва гирифтани ёрии тааљуллї, аз 30 даќиќа то 3 соат, вобастагї ба љое, ки садама рух дода шуда буд, мебошад. Вазорати тандурустї персонали тиббиеро, ки омодагї барои ёрии тааљуллї дар ноњияњои минадор њастанд, надорад. Њафт коркуни тиббї љињати таъмини ёрии тааљуллї, барои зарардидагон аз минањо, таълим дода буданд. Бевосита, духтурони травматолог дар Тољикистон хастанд, вале онњо дониши комили дастовардњои охирини ёрии тааљуллї надоранд.

Хадамоти љорї, ва коркунони тиббии квалификасионї дастрас мебошанд, вале ин пешкашхо ба заруратњои зарардидагон аз минањо мутобиќ намебошанд.[70]

Дар аввали соли 2005, намояндагии Шветсарї доир ба љамъоварии минањо, 6 курси таълимиро ба сапёрони тољик, барои ёрии аввли тааљуллї ба зарардидагон аз минањо гузаронд.[71]

ICRC, бо њамкории ВМХИ ва ЉЊАТ, маркази ортопедиро дар шањри Душанбе, ки маркази ягона ба шумор меравад, кушоданд. Ин марказ реабилитасия ва протезимонро дар Тољикистон таъмин мекунад. Њукумати Тољикистон ќисми зиёди харољоти марказро мувофиќи стратегияи ICRC, ба души худ мегирад. ЉЊАТ барномаи ёрї ба зарардидагон дар мавриди тањияи наќлиёт ва расондани онњоро ба марказ, истиќомат дар ваќти табобат, ёрии оянда барои маъюбоне, ки аз ноњияњои људогона њастанд, њамоњанг мекунад. Дар соли 2004 марказ барои 775 зарардидагон кумак расонд, 354 протезро истењсол намуд (37 барои зарардидагон аз минањо), 209 мошинолоти артопедї ва 354 пешкаш намуд.[72] Мувофиќи њисобот зарардидагон аз минањо ва дигар маъюбон аз ноњияи Суѓд ба сабаби ќиммат будани нархи шиносномаи хориљї љињати убур аз сарњади Ўзбекистон ба тарафи Душанбе, мушкилотро дар ворид шудан ба марказе, ки дар шањри Душанбе љойгир аст, аз сар мегузаронанд.[73]

Ортопедњо ва физиотерапевтњо таълими ICRC – ро бидуни тарки кори аслиашон гирифтанд, 4 нафар мутахассисони протезсоз дар Ереван (Арманистон) то дараљаи категорияи II тибќи стандарти ISPO таълим гирифтанд.

Вазорати мењнат, инчунин филиалњои маркази операториро дар Хуљанд (шимол), Кўлоб (дар марказашон) ва Хоруѓ (љануб-шарќ) боз намуд, лекин ин марказњо хеле хурд мебошанд.[74] Дар соли 2004 давлат маблаѓи 190,000 $ - ро дарои фаъолиятњои марказњои ортопедї тањия намуд ва маблаѓи 235,000 барои соли 2005 пешбинї намуд.15 декабри соли 2004 ВТЊИ ва БРММ дар ќисмати расонидани кумаки молї ба марказњои ортопедї дар соли 2005 ба мувофиќа расиданд.[75]

БРММ ва Итолиё љињати комил сохтани харољоти наќлиёт ва харољоти мењмонхонае барои ашхосе, Ки ба марказ сафар менамоянд, маблаѓи 34,000 $ - ро дар ихтиёр хоњад гузошт.[76]

Дар кишвар равоншиносони варзида, беморхонањо ва клиникањое, Ки битавонанд, ба садамадидагон аз минња ва маљруњини дигар кумак расонанд, мављуд нестанд. Системаи маориф барои кудакони зарардида аз минањо дастрас мебошад, вале муаллимон аз ўњдаи таълиму тарбияи кудакони маљўњ баромада наметавонанд. Тољикистон зарураьти инкишофи программаи инкишофи кумаки равшаншиносонро таъид кардааст.

Ба сабаби он, ки дар Тољикистон шумораи беморон хеле зиёд аст, корёбии ашхоси зарардида аз мина муяссар намебошад. 26 январи соли 2005 дар чорчўби мувофиќатномаи байни БРММ ва ЉЊАТ барномаи љадиди њамкорињо дар мавриди кумак ба зарардидагон аз минањо дар - 6 ноњия, аз љумла - 3 ноњия аз вилояти Суѓд, ва - 3 ноњия аз води Рашт дар назар гирифта шудааст; ин проект барои 72 оила кумак хоњад расонд. Мувофиќи ин проект, зарардидагон бо 2 сар гўсфанд ё буз таъмин хоњанд шуд. Бўдљаи ин барнома 20,000 $- ро ташкил менамояд.[77]

Маркази тренинг ва реинтегратсияи низомињои собиќ, реинтегратсияи иљтимоии иштирокљиёни фаъолиятњои низомиро, ба шумули зарардидагон аз минањоро, таъмин менамояд. Реабилитатсияи профессионалии маљруњини дигар, њамчунин дар мактабњои махсуси шањри Душанбе, таъмин карда мешавад.[78]

Сиёсат ва амал дар мавриди маљрўњин

Дар Тољикистон ќонуне, Ки њаќќу њуќуќи маљруњин ба шумули њодисањои таркишї, хадамоти тиббї, њифзи њуќуќи иљтимої – иќтисодї ва нафаќахурї, њимоя менамоянд мављуд аст ба монанди: Ќонун оиди бозсозии њифзи њуќуќии иљтимої,- соли 1998, Ќонун оиди нафаќахурии низомиён – соли 199, Ќонун оиди њаќќи нафаќахурї – соли 1993. Ќонун дар ќисмати њифзи иљтимоии маљрўњин – соли 1991.[79]

Дар соли 2004 Њукумак маблаѓи беш аз 30,000$ - ро барои касоне, Ки дар њодисаи таркиши минањо садама дидаанд ва оилањое, Ки наздикони худро аз даст додаанд, људо карда буд.[80] Њадди камтарини њаќќи нафаќахурї маблаѓи 4$ - ро ташкил менамояд. Њаќќи миёнаи маоши нафаќахурї маблаѓи 10 $ аст. Барои ин ашхос инчунин имтиёзоти зерин аз ќабили хадамоти мунитсипалї ва барќ дода мешавад.[81]

Барномоаи стратегї дар ќисмати кам кардани мизони фарќ дар Тољикистон (PRSP) дорои зерин мебошад, Ки мувофиќи онњо, бояд вазъияти маљруњин бењтар гардад: бењбудии сифати хадамоти тиббї, бењбудии системаи муќаррароти нафаќахурї, додани структураи ягонаи реабилитатсионї ба шумули соњањои тиббї, тањсилоту ихтисосмандї, бењбудии сифати протезњо ва асбобњои дигари ортопедї, таълиму тарбияи мутахассисони соњаи протезсозї ва таълимоти ихтисосї барои маљруњин.[82]



[1] Моддаи 7 –и њисобот, Форма А,14 марти 2005
[2] Тољикистон њисоботи аввали худро, мувофиќи моддаи № 7, 3 феврали соли 2003, Ки барои соли 2002 тааллуќ дарад, пешнињод намуд.
Љумњурї њисоботи дуюми худро 4 феврали соли 2004, Ки барои соли 2003 тааллуќ дорад, пешнињод намуд.
[3] Барномаи Сарвазири Љумњурї Саидамир Зуњуров, Саммит дар роњи њ бе минањо дар Наироби (Конференсияи авали маълумотї), Наиробї 2 декабри соли 2004.
[4] Тољикистон дар соли 1996, “мувофиќ”, дар солњои1997 ва 1998 “воздержавшись” овоз дод, дар соли 1999 “мувофиќ”, отсутствовал дар солњои 200 ва 2001.
[5] Моддаи 7 –и њисобот, Формаи А , 3 феврали соли 2003.
[6] Моддаи 7 –и њисобот, Формањои Е ва Н, 3 феврали соли 2003
[7] Моддаи 7 –и њисобот, Формаи С, 3 феврали соли 2003. ниг. Хамчунин њисоботи Landmine Monitor 2004, сањ. 790.
[8] Моддаи 7 –и њисобот, Формаи Б, 3 феврали соли 2003.
[9] Моддаи 7 –и њисобот, Формаи G, 14 марти 2005. Мувофиќи њисоботи формањои A,D ва F 3, 029 адад минањо аз байн бурда шуд, вале номгўи даќиќ,ки дар формаи G омадааст, 3,084 адад минањоро њисоб намудааст. Ин номгуй шомили: 1,591 POMZ-2; 633 PMN; 436 OZM 7 72; 424 MON-100 адад минањо мебошад.
[10] Моддаи 7-и њисобот, формаи С, 3 феврали соли 2003 ва 14 марти соли 2005.
[11] “Марзбонони руссия махфигоњи калони аслињаро дар сарњади Тољикикстону Афѓонистон пайдо карданд”, Азия-плюс (Душанбе, 29 июли 2004.)
[12] Моддаи 7-и њисобот, формаи В, 3 феврали 2003, 4 феврали 2004 ва 14 марти 2005.
[13] Музокира бо Љонмуњаммад Раљабов, муовини раиси кумитаи гарантий конститутсионї ва њифзи њуќуќи башар, Аппарати їљрокунандаи Президент, Женева, 5 феврали 2005.
[14] Моддаи 7-и њисобот, формаи В, 3 феврали соли 2003 ва 4 феврали 200 ва 14 марти 2005.
[15] Нома аз тариќи почтаи электронї аз тарафи Питер Айзек, мушовири калони техникии UNDP, МТММ, 15 сентябри 2004; “ проблемаи нигаронандаи мона сарњади љикистону Афѓонистон – мутахассис дар соњаи љамъкунии минањо”, Мониторинг BBC Осиёи Марказї (Душанбе), 11 сентябри 2003; “Минањо барои гузарондани ваќти холии кудакони Тољикистон хатар мерасонанд”, France-Presse (Душанбе), 24 апрели соли 2004.
[16] Мусоњиба бо полковник Дониёр Избасаров,директории департаменти инженерии Вазорати мудофиаи Ќирѓизистон, Бишкек, 3 июли соли 2003. Вазораи мудофиа изњор дошт, ки дар соли 2001 фаќат як ќисми људогонаи минтаќаи минагузошташудае, ки дар оянда аз мина љамъоварї мешавад, мондааст. Ниг. Њисоботи Landmine Monitor 2002, сањ.689.
[17] “Минањо ба ваќти холии кудакони Тољикистон хатар меоваранд”, France-Presse (Душанбе), 24 апрели 2004.
[18] “Улиё Хазрати Иордания дар маъракаи љамъоварии минањо дар љануби Тољикистон иштирок мекунад”, Радиои Тољикистон, 16 апрели соли 2004.
[19] Хабар аз тарафи тањќиќотчии Landmine Monitor Питер Исаак пешнињод карда шуд, МТММ, 15 сентябри соли 2004.
[20] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005. [21] Нома аз тариќи почтаи электронї аз тарафи Питер Айзек, МТММ, 15 сентябр 2004.
[22] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[23] Баёноти Сарвазири аввал Саидамир Зуњуров, Конференсияи авали маълумотї, Найроби, 2 декабри 2004.
[24] Созмони Миллали Муттањид, њисоботи оњирин, Конференсияи аввли маълумотї, барои Кишварњое, Ки Конференсияи доир ба аз байнбарии истифода, нигањдорї, истењсолот ва тањвили минањои зидди пиёдагард ва аз байн бурдани онњо, Найроби, 29 ноябр – 3 декабри соли 2004, APLC/ CONF/ 2004/5 9 2005 феврали соли 2005, сањ 64-65.
[25] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[26] Баёноти сарвазири аввал Саидамир Зуњуров, Конференсияи аввли маълумотї, Найроби, 2 декабри 2004.
[27] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005. [28] Ироди оператори хазинаи маълумот , МТММ, дар маљлиси муассисањои алоќаманд, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[29] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 маи соли 2005.
[30] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005 ва 12 сентябри 2005.
[31] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 маи соли 2005.
[32] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 маи соли 2005.
[33] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 маи соли 2005 [34] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 маи соли 2005.
[35] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 май ва 12 сентябри соли 2005.
[36] Ниг. www.fsd.ch, ,барои июли 2005.
[37] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[38] Ниг. Њисоботи Landmine Monitor 2004, сањ 792.
[39] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 маи соли 2005.
[40] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[41] Мусоњиба бо Азам Салоњов, координатори MRE барномаи ЉССТ, Душанбе, 29 апрели 2005.
[42] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назоратї доир ба љамъоварии минањо, баланд бардоштани маълумот доир ба хатари минањо ва техналогияи фаъолияти минањо, Женева 14 июни 2005.
[43] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 25 май ва 12 сентябри соли 2005. 13 ноњия чунинанд: Ашт, Исфара, Конибодом, Панљакент, Табошар, Шањристон, Нуробод, Рашт, Љиргитол, ТоЉикобод, Дарвоз, Ванљ ва Турсунзода.
[44] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назоратї доир ба љамъоварии минањо, баланд бардоштани маълумот доир ба хатари минањо ва техналогияи фаъолияти минањо, Женева 14 июни 2005.
[45] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[46] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назоратї доир ба љамъоварии минањо, баланд бардоштани маълумот доир ба хатари минањо ва техналогияи фаъолияти минањо, Женева 14 июни 2005, протоколи машваратии Донорњо доир ба минањои зидди пиёдагард, МТММ, Душанбе, 21 апрели 2005.
[47] Мусоњиба бо Азам Салоњов, координатори MRE барномаи ЉССТ, Душанбе, 29 апрели 2005.
[48] Номаи электронї аз тарафи Жули Майерс, менељири проекти минањои зиддипиёдагард ва салоњи хурд, UNICEF, 6 сентябри 2005.
[49] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назоратї доир ба љамъоварии минањо, баланд бардоштани маълумот доир ба хатари минањо ва техналогияи фаъолияти минањо, Женева 14 июни 2005. Вале, Департаменти ИМА маблаѓи кумаки молиро дар њудуди 7.000$ амрикоро, Ки ба фаъолияти минањои зиддипиёдагард дар соли 2004 дар Тољикистон тасдиќ мекунад.
[50] Гуруњи кумаки фаъолияти минњои зидди пиёдагард, бюллитен, яавари соли 2005, сањ 55.
[51] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назоратї доир ба љамъоварии минањо, баланд бардоштани маълумот доир ба хатари минањо ва техналогияи фаъолияти минањо, Женева 14 июни 2005.
[52] Протоколи машваратии Донорњо доир ба минањои зиддипиёдагард, МТММ, Душанбе, 21 апрели 2005.
[53] Моддаи 7-и њисобот, формаи J, 14 марти 2005.
[54] БРММ, “Охирин кумаки моли донорњо”, www.undp.org , аз торихи 22 августи соли 2005. Канада, ин дататсияи худро ба моддаи 7-и ё ба маблаѓгузории молї ба монитори минањо дохил накард.
[55] Комиссияи Аврупої, “ворид кардан ба монитори минањо соли 2005”, номаи электронї аз тарафи Николи Марселой, RELEX шуъбаи бехатарии сиёсат, Комиссияи Аврупої 19 июли соли 2005. Дар ин њисобот, мубодилаи миёнаи асъор барои соли 2004: Евро1 = $ 1.2438. Системаи федералии резервии ИМА, “Намгуи курсњои мубодила, (њамарўза)”, 3 январи соли 2005.
[56] Нома и электронї аз тарафи Љерард Чеснел, Вазорати корњои хориљї, 30 июни 2005; номанависї бо Анна Вилнев, Handicap International, июл-августи соли 2005.
[57] Хазинаи маълумот љињати маблаѓгузории фаъолияти минањои заддипиёдагард: нома аз тарафи Манфредо Каппозо, Мушовири башардустии љамъоварии минањо, Вазорати корњои хориља, июн-июли соли 2005.
[58] Номаи электронї аз тарафи Китагава Ясу, компанияи љопонї оиди манъи минањои зиддипиёдагард (JCBL), 10 августи 2005, бо тарљумаи иттилои Вазорати корњои хориља, 11 маи соли 2005 аз тарафи JCBL фиристода шудааст. Мубодилаи миёнаи асъор аз соли 2004: Y108.15 =US$1. Системаи федералии резервии ИМА, “ногўи мубодилањои асор (солона)”, 3 январи соли 2005.
[59] БРММ, “Охирин кумаки моли донорњо”, www.undp.org , аз торихи 22 августи соли 2005. Британияи Кабир, ин дататсияи худро ба моддаи 7-и ё ба маблаѓгузории молї ба монитори минањо дохил накард.
[60] Номгўи таърихии USG, Ки маълумоти доштаи соли 2004, номаи электронї аз тарафи Анжела Љефферс, мутахассиси идоракунии маблаѓгузорї , Департаменти ИМА, бюрои робитаи сиёсї –низомї, 20 июли соли 2005.
[61] Мусоњиба бо раиси МТММ Љонмуњаммад Раљабов, Душанбе, 28 апрели соли 2005.
[62] Дар ин маврид аќидаи дигаре вуљуд надорад, њамаи иттилоот дар ин боб аз тарафи Љонмуњаммад Раљабов пешнињод шудааст, МТММ, Душанбе 28 апрели 2005.
[63] МТММ, “Иттилоот оиди зарардидагон аз мина дар байни ањолии Тољикистон то 20.01.05”.
[64] “23 низомиёни њавої ба Тољикистон нишастанд: яке аз онњо аз минаи зиддипиёдагард љабр дид ”, Assosiated Press (Душанбе ), 25 марти соли 2004.
[65] “Љамъоварии минањроо бо сабаби набудани маблаѓгузаронї ба давраи дигар гузаронданд”, IRIN (Душанбе), 26 апрели соли 2005.
[66] Созмони Милали Муттањид , њисоботи охирин, Конференсияи аввали маълумотии кишварњои иштирокчие, ки Конвенсияро имзо кардаанд, Наироби, аз 29 ноябр то 3 декабри соли 2004, APLC/CONF/2004/5/9 феврали соли 2005, сањ. 33.
[67] Моддаи 7-и њисобот, формаи J, 14 марти 2005.
[68] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назорат доир ба љамъоварии минањо, баланд бардоштани маълумот доир ба хатари минањо ва техналогияи фаъолияти минањо, Женева 14 июни 2005; љавоби Тољикистон барои комитети њамраисии назоратї оиди кумак барои зарардидагон ва реинтегратсияи иќтисидї-иљтимої, июн 2005.[дар поён, саволномаи SC-VA].
[69] Комиссия доир ба гузаронидани њуќуќи башардустонаи байналмилаллї, “наќшаи 5-солаи стратегї: 2004-2008”, Љумњурии Тољикистон.
[70] Презентатсияи Тољикистон, комитети назоратї оиди кумак барои зарардидагон ва реинтегратсияи иќтисидї-иљтимої, Женева, 17 июн 2005; саволномаи SC-VA, июн 2005; ниг. Њамчунин мониторинги минањо 2004, сањ.796.
[71] “Вохўрии донорњо оиди мулоќоти гуфтугўии минањои зиддипиёдагард ”, IPIN (Душанбе), 21 апрели соли 2005; “Комитети машваратии консултативии донорњо доир ба минањои зиддипиёдагард”, протоколи вохўрие, ки дар МТММ гузаронида шуд, Душанбе, 21 апрели соли 2005.
[72] Љавоби оѓои Гриллидиан барои саволномаи кумак барои зарардидагон љињати монитори минањо, ёрдамчии менељери проекти мошинолоти ортопедї, маркази ортопедии ш.Душанбе, 30 маи соли 2005; ниг. Хамчунин барномаи реабилитатсионии ICRC, “њисоботи солонаи соли 2004”, Женева, июли соли 2005, сањ 31-32.
[73] “Комитети машваратии консултативии донорњо доир ба зидди минањо”, протоколи вохўрие, ки дар МТММ гузаронида шуд, Душанбе, 21 апрели соли 2005.
[74] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назорат доир ба кумак барои зарардидагон ва реинтегратсияи иќтисидї - иљтимої, Женева, 17 июни 2005; саволномаи SC-VA, июни соли 2005.
[75] Моддаи 7-и њисобот, формаи J, 14 марти 2005.
[76] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назорат доир ба кумак барои зарардидагон ва реинтегратсияи иќтисидї - иљтимої, Женева, 17 июни 2005; саволномаи SC-VA, июни соли 2005.
[77] Презинтатсияи Тољикистон, комитети назорат доир ба кумак барои зарардидагон ва реинтегратсияи иќтисидї - иљтимої, Женева, 17 июни 2005; саволномаи SC-VA, июни соли 2005; Моддаи 7-и њисобот, формаи J, 14 марти 2005; “Комитети машваратии консултативии донорњо доир ба зидди минањо”, протоколи вохўрие, ки дар МТММ гузаронида шуд, Душанбе, 21 апрели соли 2005.
[78] Ниг. Хамчунин њисоботи монитори минањо, соли 2004, сањ 796.
[79] Иттилоот оиди Конунгузорї доир ба њифзи њуќуќи маъюбон, ба шумули зарардидагон аз минањо, Ки дар моддаи 7-и њисоботи Тољикистон пешкаш карда шудааст, формаи А, 14 марти соли 2005; ниг. Хамчунин моддаи 7-и њисобот, формаи J, Марти соли 2004; њисоботи монитори минањо соли 2004, сањ 796.
[80] моддаи 7-и њисобот, формаи J, Марти соли 2004.
[81] “Буљаи соли 2004”, њисоботи статистики Љумњурии Тољикистон, соли 2004.
[82] “Мадоруки стратегии кам поён овардани сатњи фаќр”, Њукумати Љумњурии Тољикистон, Душанбе июни соли 2002, сах 14, 38.